Ҳамоиши рӯнамоии китоби «Пайрав Сулаймонӣ»

Март 11, 2013 15:30

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). Пагоҳ, 12 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии рӯнамоии китоби донишманди маъруф, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Соҳиб Табаров «Пайрав Сулаймонӣ» баргузор мегардад.Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад. Дар ҳамоиш иштироки олимони варзида Акбар Турсон, Мӯсо Диноршоев, Худойназар Асозода ва муҳаққиқон аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва адибони шинохтаи кишвар дар назар аст.Боиси тазаккур аст, ки узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунаққид ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров тамоми умри бобаракати худро ба пажуҳиши адабиёти тоҷики охири асри Х1Х ва ибтидои қарни ХХ бахшида, як силсила таҳқиқоти муҳиму бунёдиро ба нашр расонид. «Мунзим», «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ», «Ҷаҳони андешаҳои Абдурауфи Фитрат» ва «Пайрав Сулаймонӣ» (таҳрири нав) аз ҷумлаи онҳост.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Китобхонаи миллӣ Фотима Яқубова хабар дод.

Март 11, 2013 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд