Ҳашар барои ниҳолшинонӣ
Кӯлоб, 13 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Рӯзҳои истироҳатии моҳи мартро сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида, ба шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан ва тоза кардани роҳравҳо машғул гардиданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб гузаронидани ҳашарҳои умумишаҳрӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру барқарорсозии кӯчаю маҳаллаҳо вусъат мегирад. Дар ҳашарҳо шумораи зиёди дарахтони ороишиву сояафкан ва мевадиҳанда низ шинонида шуданд. Бино бар иттилои масъулин дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб беш аз 15 ҳазор нафар ба ҳашар баромада, 8 ҳазор ниҳол шинонида, 35 куб партовро аз шаҳр берун карданд. Гузаронидани чунин ҳашарҳо дар шаҳру ноҳия то охири фасли баҳор ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






