Ҳодисаи нохуш дар истгоҳи метрои Маскав
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 9 марти соли равон дар натиҷаи ҳамлаи шахси номаълум дар назди истгоҳи метрои «Теплый стан»- и шаҳри Маскав 6 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд. Кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР муайян карданд, ки инҳо муҳоҷирони меҳнатӣ Назришо Шеров, соли таваллуд 1983, зодаи н.Ванҷ, Жоғараков Ҷӯрабек, с.т.1975, зодаи н.Ванҷ, Некқадамов Манучеҳр, с.т.1988, зодаи н. Шуғнон, Ғафуров Мустафо, с.т. 1992, зодаи шаҳри Норак ва Мисқолов Рустам, с.т.1987, зодаи шаҳри Норак мебошанд. Шахсияти нафари дигар муайян карда мешавад. Кормандони Намояндагӣ то ин дам аз вазъи саломатии 4 нафар, ки дар беморхонаҳои №7 ва №64 шаҳрӣ аллакай ба онҳо ёрии аввалия расонида шудааст, хабардор шуданд. Вазъи саломатии онҳо хуб аст. Зимни суҳбат яке аз ҷабрдидагон Мустафо Ғафуров ба корманди Намояндагӣ гуфт, ки шахси номаълум бо истифода аз олоти худсози бурандаи хурд ҳангоми ба истгоҳи метро ворид шудан ба ӯ зарба задааст. Захми расида ба ҳаёти ӯ хатар надорад. Ду нафари дигар дар беморхонаи ба номи Склифасовскии шаҳри Маскав қарор дорад. Хабар дода мешавад, ки осебдидагон дар корхонаи сохтмонии «ЧРИА-Гора», воқеъ дар хоҷагии «Коммунарка»-и наздикии шаҳри Маскав ба сифати сохтмончӣ кор мекардаанд.Аз рӯи ҳодиса аз ҷониби ШКД ноҳияи Ясенево парвандаи ҷиной боз шуда, тафтишот идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии ХМ ҶТ дар ФР хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






