Ҳолати бехатарии сӯхтор дар Муъминобод
Кӯлоб, 30 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Муъминобод дар давоми се моҳ 204 адад иншооти гуногуни хоҷагии халқро санҷида, ба роҳбарон ва шахсони мутасаддӣ барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта амрнома пешниҳод карданд. Мавриди зикр аст, ки дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 2 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, зарари он 7517 сомониро ташкил дода, молу амволи аз сӯхтор наҷот дода 3500 сомонӣ мебошад. Гуфта мешавад масъулини хадамот дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, шабакаҳои барқӣ санҷишҳои муштарак гузаронида, дар ҷамъомадҳои деҳот ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо аҳолӣ ва хонандагон барои пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор вохӯрӣ доир менамоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






