Ҳунармандони тоҷик ба Туркманистон мераванд
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 20- нафар ҳунармандони тоҷик аз Филармонияи давлатӣ барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рӯзи 21- уми марти соли ҷорӣ дар пойтахи Туркманистон- шаҳри Ашқобод баргузор мегардад, даъват шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад намояндагони «Тоҷикматлубот» низ барои иштирок дар ин ҷашн ба Ашқобод рафта, дар он ҷо дастархони наврӯзии тоҷикиро ба намоиш хоҳанд гузошт. Мавриди зикр аст, ки соли 2011-ум аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, соли гузашта Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон таҷлил гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






