Ҳунарнамоии Сироҷиддин Фозилов дар Лужники
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Тавре ки котиби матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод, сарояндаи маъруфи тоҷик Сироҷиддин Фозилов дар консерт ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ кард. Дар ин консерт баробари Сироҷиддин Фозилов сарояндагону мутрибони дигари тоҷик аз ҷумлаи Ноҳид Зайналпур, Нодир Зоҳирпур, Зарина Самадова ва ғайра иштирок доштанд.Ин чорабинӣ бо ибтикори ҳукумати шаҳри Маскав ва иштироки як қатор созмонҳои ҷамъиятӣ роҳандозӣ шуда, дар ҷараёни он намоишгоҳи санъати амалии миллӣ доир гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






