Ҷаласаи корӣ оид ба Нишасти Муколамаи ҳамкории Осиё

Март 7, 2013 09:49

Душанбе,7 март.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзаде).-Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов дар ҷаласаи коршиносони аршади кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё ,4 март иштирок дошт.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти Муколама мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Пешниҳоди ҷониби Кувайт роҷеъ ба ташкил кардани Котиботи Муколамаи ҳамкории Осиё дар Кувайт аз тарафи иштирокчиён дастгирӣ ёфт. Ба ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи тартиби баргузор гардидани нишасти 11- уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи мазкур, ки 29 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир мешавад, маълумот пешниҳод гардида, лоиҳаи санади ниҳоии ин нишаст ба ҳозирин пешниҳод шуд.

Март 7, 2013 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад