Ҷаласаи Муколамаи ҳамкории Осиё дар Душанбе
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»).- 28-29 марти соли 2013 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО баргузор хоҳад гашт. Дар ҷаласа ҳайатҳои ҳамаи 32 кишвари Осиё, ки узви МҲО мебошанд, ширкат хоҳанд варзид. Дар ин бора зимни як нишаст 27 март сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев хабар дод. Ба гуфти Д.Назриев аз ҷумла, ба ҳайатҳои 12 кишвар вазирони корҳои хориҷӣ ва 9 кишвар муовинони вазирони корҳои хориҷӣ роҳбарӣ мекунанд. Тавре ки қаблан иттилоъ дода шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 раёсати Муколамаи ҳамкории Осиёро ба дӯш дорад. Аз ин лиҳоз Тибқи барномаи ин чорабинии байналмилалӣ 28 март дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи кормандони аршади кишварҳои узви МҲО баргузор хоҳад шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба гузаронидани ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО муҳокима шуда, инчунин матни ниҳоии санади ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО – “Эъломияи Душанбе” ҳамоҳанг мегардад. 29 март дар “Кохи Сомон” чорабинии асосии ин ҳамоиши байналмилалӣ – ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО баргузор хоҳад шуд. Дар бахши ифтитоҳии ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ мекунад. Ҷаласаи 11-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲО таҳти раисии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷараён хоҳад гирифт. Пешбинӣ шудааст, ки дар ҷаласа зимни суханронии худ роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲО дар атрофи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа табодули назар мекунанд. Дар хотима, иштироккунандагони ҷаласа санади ниҳоии ин ҳамоиш – “Эъломияи Душанбе” – ро қабул хоҳанд кард. Баъд аз анҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои он нишасти матбуотии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд баргузор хоҳад шуд. Дар ҳошияи ҷаласа мулоқотҳои хоссаи роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ сурат хоҳанд гирифт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






