Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 1 март. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани бемории сил дар байни аҳолӣ аз тарафи Маркази вилоятии мубориза бар зидди бемории сили минтақаи Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақа баргузор гардид. Чорабинии мазкур оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Хамадонӣ, Фархор, Шӯрообод ва Муъминобод гузаронида шуда, мувофиқи нақша рӯзҳои наздик дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг низ гузаронида мешавад. Мувофиқи барнома дар ҳудуди ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату маҳаллаҳо мебояд нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода шавад, зеро бемории сил асосан бемории иҷтимоӣ буда, рафъи камбизоатӣ, тозагии маҳал, рафтору ахлоқи ҳамидаи инсонӣ кафолатдиҳандаи саломатии мардуманд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






