Ҷамъомади таълимӣ дар Кӯлоб

Март 4, 2013 14:29

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб дар шаҳри Кӯлоб ҷамъомади таълимии сардорони ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва мудирони дафтарҳои методии шӯъбаҳои маорифи халқи минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Тавре ки аз Намояндагии Созмони мустақили байналмилалии Оксфам дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ҷамъомад баррасии масоили беҳдошти кори ситоду шӯъбаҳои маорифи халқ ҷиҳати таълиму омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар донишкадаҳо, роҳандозии унсурҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодисаҳои табиӣ ба барномаи мактабӣ ва такмили усулҳои кор буд. Дар ҷамъомад ба такмили усулҳои таълими аҳолӣ, мактабиён барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Март 4, 2013 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд