Ҷашни Наврӯз дар Вашингтон
Душанбе, 19 марта (АМИТ «Ховар»).- 16 марти соли 2013 дар толори «The Andrew W. Mellon Auditorium» дар шаҳри Вашингтон бо иштироки намояндагони воломақоми Ҳукумати ШМА, намояндагони Конгресс, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонон маросими ҷашни Наврӯз барпо гардид. Чорабинии мазкур бо дастгирии Комиссияи Наврӯз (The Nowruz Commission) ва cафоратҳои кишварҳои ҷашнгири Наврӯз (Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Гурҷистон, Афғонистон) баргузор шуд. Дар ҷашнвора, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА ташкил шуда буд, гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон бо нигораҳои фарҳангӣ (сӯзаниҳо, либосҳои миллӣ, намудҳои сангҳо, зарфҳои сафолӣ, аксҳо, китобҳо) мавриди таваҷҷӯҳи тамошобинон қарор дошт. Президенти Комиссияи Наврӯз ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфта, роҷеъ ба иқдомҳои Комиссияи мазкур дар соли сипаригашта маълумот дод. Зимни чорабинӣ навори махсус оид ба натиҷаи сафари ҳайати Комиссияи Наврӯз ба Лондон, Тиблиси, Боку ва Душанбе (10-11 марти соли 2012) намоиш дода шуд. Қисмати зиёди навори мазкур бахшида ба сафари аъзои Комиссияи Наврӯз ба Тоҷикистон буд. Дар навори зикргардида, акси нусхаи Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Наврӯз ба унвони иштирокчиёни чорабинии мазкур, ки моҳи марти соли 2012 ирсол гардида буд, намоиш дода шуд. Носир Каземинӣ – Раиси Шӯрои директорони Комиссияи Наврӯз зимни баромади табрикии худ ба ҳозирин оид ба таърихи Наврӯз ва иқдомҳои башардӯстонаи Комиссияи мазкур маълумот дод. Комиссияи Наврӯз созмони гуногунфарҳанги ғайри тиҷоратӣ (non-for-profit) буда, барои муаррифии ҳамаҷонибаи Иди Наврӯз фаъолият менамояд. Дар чорабинӣ гурӯҳҳои ҳунарӣ баромад намуданд ва зиёфати расмӣ барпо гардид. 17 марти соли 2013 дар толори «The Washington Post» дар шаҳри Вашингтон чорабинии идонаи муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тољикистон дар ШМА ва Ҷамъияти тоҷикистониёни Америка, Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Америка (TACA) бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳамватанон ва меҳмонони муқими ШМА барпо гардид. Дар чорабинӣ тоҷикистониён аз штатҳои мухталифи ШМА иштирок намуда, дар барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуданд. Зимни чорабинии номбурда бо кӯшиши Сафорати ҶТ дар ШМА гӯшаи махсуси фарҳангӣ-этнографӣ барои иштирокчиён ва меҳмонони америкоӣ ташкил карда шуд. Сипас намоиши созу наво ва рақсҳои миллии тоҷикӣ баргузор гардид ва ба иштирокчиён таъомҳо ва шириниҳои миллӣ манзур карда шуд. Намояндаи Сафорат ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфт. Дар навбати худ, Президенти Ҷамъияти тоҷикистониёни ШМА ва Президенти Ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Америка иштирокчиёни маҳфилро ба муносибати Иди Наврӯз низ табрик гуфта, ба онҳо барои ширкати фаъол дар чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






