Ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовар
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи ҷинояткоронро, ки миқдори зиёди маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистонро тавассути қаламрави вилоят ба Федератсияи Русия интиқол доданӣ буданд, ҷилавгирӣ намуданд.Мувофиқи маълумоти маркази матбуоти агентии мазкур, дар натиҷаи амалиёти махсус беш аз 30 килограмм маводи нашъаовар мусодира гардид. Дар ҷараёни амалиёти дигари фаврӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд як нафар иштироккунандаи ин амалиёт дастгир шуд, ки сокини ВМКБ будааст. Аз рӯи ин ҳодиса мувофиқи моддаи 200 — уми қисми 4 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






