Ҷилди дуввуми Энсиклопедияи миллии тоҷик ба нашр расид
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар остонаи Наврӯзи байналмилалӣ Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик ҷилди дуввуми китоби бисёрҷилдаи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик-ро ба нашр расонд. Ин шоҳкитоби миллӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 сар карда, таълифу тадвинаш шуруъ шудааст, дар асоси меъёрҳои ҷаҳонии донишноманигории миллӣ сохта мешавад, яъне бештар аз 40 дарсади китоб бояд маълумотеро дар бар гирад, ки бавосита ё бевосита ба таъриху тамаддуни ҳамин миллат бахшида шуда бошад. Ҷилди дуввуме, ки ҳамакнун ба чоп расид, бештар аз 60 дарсади маълумоти миллиро дар бар мегирад. Китоби мазкур аз калимаи АСОС то БОЗ-ро фаро мегирад. Дар таҳияву тадвини он мақолоти бештар аз 300 нафар донишмандони соҳаҳои мухталифи мамлакат ва берун аз он истифода шудаанд. Ҷилди дуввум нисбат ба ҷилди аввал пурратару комилтар ва бештар дар асоси меъёрҳои илмӣ тадвин гардидааст. Дар он тағйироти назаррасе, ки мутобиқи талаботи муосири донишноманигорӣ ворид шудаанд, ба қарори зайланд: 1. Шакли дусутунаи саҳифабандӣ (ба ҷои сесутуна) ҷорӣ шудааст, зеро дар таҷрибаҳои навтарини донишноманигории ҷаҳон ин тарзи саҳифабандиро беҳтар (махсусан дар ҷойгир кардани аксҳо) ва камхарҷтар (дар ҷобаҷошавии ҳарфҳо) дарёфта, мутолиаи онро низ барои чашм камзарартар донистаанд; 2. Ба алифбои ниёгон сабт намудани истилоҳоти асримиёнагии миллӣ ва адабиёти истифодашудаву осори мунташира аз нав таҷдид гардидааст; 3. Аксҳои ашхос, чунонки талаботи навтарини донишноманигории ҷаҳон аст, танҳо бо рангҳои сиёҳу сафед оварда шуда, андозаи сураташон низ бузургтар шудааст; 4. Ҳар як дусадсаҳифагӣ бо як намуди ранг ва дар он навиштани масофаи байни ду калима ҷорӣ дошта шудааст. Ин ба хотири зудтар ёфтани калимаи лозимӣ ва камтар варақгардон кардани китоб ва бад-ин восита дертар фарсудашавии он ба роҳ монда шудааст; 5. Дар донишнома аввалин бор чоп намудани аксҳои деҳоти таърихӣ ва зебову аҷиби мамлакат ҷорӣ шудааст. Бад-ин восита ҷойҳои дидании Тоҷикистон барои ҷаҳониён муаррифӣ мегардад, зеро дар оянда нақшаи ба дигар забонҳои маъруфи дунё тарҷума кардани ин китоб дар назар дошта шудааст; 6. Номи истилоҳоти энсиклопедӣ бо ранги сурхи ҷигарӣ, ки ба воситаи он ёфтани калима мусоидтар аст, сабт гардидааст; 7. Ба забони давлатӣ навиштани чандин истилоҳот, ки қаблан бо забонҳои ғайридавлатӣ навишта мешуданд, ба роҳ монда шудааст. Аммо ба хотири ба ҳам зид омадани ақоиди донишмандон дар тарҷумаи истилоҳот истилоҳоти мавриди баҳс дар ҳар ду шакли маъмул (яке дар қавсайн) навишта шудааст; 8. Тамоми истилоҳоти динӣ ворид шудаанд.Китоб қабл аз ба нашр расидан аз ҷониби Шӯрои илмии махсус, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табъу нашри ин китоб аз ҳисоби маъруфтарин донишмандони мамлакат таъсис додааст, муҳокима шуда, ба нашри он иҷозат дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест






