Ҷои кор барои сад нафар зан
Хатлон, 20 март. (АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).- Дар шањри Ќурѓонтеппа корњои созандагї ва бунёдкорї вусъати тоза мегиранд.Тавре зимни суњбат муовини раиси шањри Ќурѓонтеппа Солења Ќосимова иброз дошт, дар шаҳр дар арафаи љашни Наврўзи байналмилалї 5 иншооти сохтмонї ба истифода дода мешавад. Хонаи баландошёна ва корхонаи саноатии хўрокворї барои истифода пурра омодаанд. Ин корхонаи саноатї бо ибтикори як сохибкор сохта шуда, дар он 100 нафар зан бо љои кори доимї таъмин мегардад. Тоза намудани хона ва шањру дењот оини Навруз аст ва сокинони шањр бо дарки ин масъулият ба њашар баромада, кўчаву рохравњоро тоза менамоянд.Дар баробари пешравињо дар шаҳр мушкилот низ љой доранд. Сокинони атрофи нањри калоне, ки аз канори шањр мегузарад ва сарчашмааш дарёи Вахш аст, ба дохили нањр партовњои худро мепартоянд. Онњо намедонанд, ки тоза намудани нањр маблаѓи зиёдро талаб мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки тозагии шањр танњо вазифаи сохторњои маҳаллї набуда, аз њар як сокини он вобастагии калон дорад. Солења Ќосимова бар он назар аст, ки мардуми шањри Ќурғонтеппа имсол Наврўзро дар сатњи баланд таҷлил мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






