Ҷопон рушди кишоварзиро дастгирӣ мекунад

Март 27, 2013 16:38

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҷумҳурии Ҷопон дар чаҳорчўбаи кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи кишоварзиро барои тоза кардани каналҳои обёрӣ ва заҳбурҳо ба хоҷагии деҳқонии ноҳияи Зафаробод дастрас менамояд. 27 марти соли 2013 Хироюки Имаҳашӣ, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Зафаробод роҷеъ ба «Лоиҳаи барқарор намудани каналҳои обёрии ноҳияи Зафаробод» ба маблағи 122,049 доллари ИМА созишномаи грантиро ба имзо расониданд. Соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Зафаробод соҳаи калидист. Каналҳои ноҳия даҳҳо сол пеш бунёд гаштаанд ва истифодаи дароз муддат онҳоро заиф гардонида, ҳосилнокии заминҳои деҳқониро дар ноҳияи мазкур нисбатан паст намудааст. Яке аз сабабҳои пастшавии ҳосилнокии заминҳо- ин аз лой пур шудани каналҳо ва заҳбурҳои хоҷагиҳои деҳқонист. Лой садди роҳи ҷараёни оби каналҳо гардида, фаъолияти пойгоҳи обкаширо ҳам халалдор месозад. Норасоии об ҳамчунин ба баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ ва шӯршавии заминҳои обӣ оварда, 7000 га замин то ҳол корношоям гардидааст.. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Истиқлол”-и ноҳияи Зафаробод бо экскаватор, як адад трактор ва як адад ядак, ки барои кашидани лой аз каналҳо ва заҳбурҳо кўмак мекунад, таъмин мегардад. Бо тарзи дуруст ва сари вақт тоза кардани каналҳои обёрӣ сатҳи оби зеризаминӣ ва шӯрнокии заминҳо паст шуда, ҳосилнокии заминҳои деҳқонӣ беҳтар мегардад.Рушди соҳаи кишоварзӣ, бешубҳа шароити иқтисодии деҳқонон ва аҳолиро дар ҷомеаҳои маҳаллӣ беҳтар намуда, ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи онҳоро таҳким мебахшад. Ҳукумати Ҷопон барои вусъати зиндагии мардуми Тоҷикистон ва таҳкими ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи онҳо дар ҷомеа дастгирии худро идома медиҳад.

Март 27, 2013 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!