А. Солеҳӣ: «Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод – нигаҳдорандаи пайвастагии ду миллати бузург»
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Солеҳиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Алӣ Акбари Солеҳӣ вазъи ҳолӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди муҳокима қарор гирифт. Алӣ Акбари Солеҳӣ пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма бо ёдоварӣ аз муштаракоти тамаддуниву фарҳангии ду кишвар иброз дошт, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои гуногун беш аз пеш тақвият ёфта истодаанд. «Бунёди нерӯгоҳҳои «Сангтӯда 1», «Сангтӯда 2» ва нерӯгоҳи «Айнӣ» мисоли возеҳи ҳамкориҳои босамари ду кишвари дӯсту бародар аст»,- таъкид дошт Алӣ Акбар Солеҳӣ. Чун якчанд лоиҳаи бузурги ҷониби Тоҷикистонро ниҳодҳои сармоягузор дастгирӣ намуда истодаанд, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ ибрози итминон намуд, ки пиёда гардидани лоиҳаҳои азиму муштарак дар самти густариши равобити ду кишвар нақши муҳим хоҳанд дошт. «Роҳбарони ду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва доктор Аҳмадинажод ҳамеша ба он ҷаҳд менамоянд, то пайвастагии байни ду миллати бузург – Эрон ва Тоҷикистон устувор бошад»,- илова намуд Алӣ Акбари Солеҳӣ.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






