Абадӣ гардонидани хотираи ҷаҳонпаҳлавон
Душанбе, 4 март.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва қарори иҷлосияи палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ номи бархе аз маҳалҳои аҳолинишини вилояти Хатлон тағйир дода шуд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ деҳоти ба номи Калинин ба Панҷрӯд, деҳаҳои Чапаев ба Ориён, Оқмазор ба Меҳрвар, Арпатугулдӣ ба Ҳуснобод, Олимтой ба Гулрез, Бешкаппа ба Боғистон, Советобод ба Обшорон, Метантуғай ба Сомониён, ки дар ҳудуди деҳоти Чӯбек, Меҳнатобод ва Турдиев воқеанд тағйири ном карданд. Ҳамзамон бо қарори аъзои Маҷлиси миллӣ дар ноҳияи Бохтар се деҳа -деҳаҳои Ленин ба номи Ғайратшо Давлатов, Политотдел ба Малик Гиёев, Янги Турмуш ба Зарнисор табдили ном карданд. Деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Сарвати Истиқлол, Ориён ва Меҳнатободи ноҳияи Бохтар қарор доранд. Инчунин номи деҳоти Ватани ноҳияи Темурмалик ба номи ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов гузошта шуд. Номи деҳаҳои Бирдам ба Иқбол, Бешкаппа ба Ситораи Тобон, Ҷилбулоқ ба Баҳманрӯд, Ҷамоғулиён ба Зарнисор, Қуруғ ба Чашмасор, Талимазор ба Лолазор, Гулбулоқ ба Гулистон, Кунҷибулоқ ба Ваҳдат, Шулубту ба Дӯстӣ, Тулкибулоқ ба Бахтнома, Куса Сартез ба Хуррамзамин, Қазончӣ ба Муқаддас, Туябуюн ба Руҳафзо тағйир дода шуд. Деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Танобчӣ, Кангурт, Бобоюнус, Қарақамиш, Қушкия ва Ватан мебошанд. Дар деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов, Ҷилликӯл, Деҳқонобод, Нури Вахш ва Ғаровутии ноҳияи Ҷилликӯл номи деҳаҳои Энгелс ба Марказ, Комсомол ба Баҳористон, Карл Маркс ба Лаби дарё, Свердлов ба Истиқлолият, Мировой ба Ваҳдат, Агроном ба Найсон, 8 Март ба Гулобод, Ленинобод ба Шаҳдрез, Бешариқ ба Панҷрӯд, Қизиласкар ба Чаманистон, Совхоз ба Меҳргон, 1-Май ба Гулафшон, Коминтерн ба Гулрез, Сурх ба Зарнисор, Москва ба Сомониён, Киров ба Дӯстӣ, Қизилнур ба Нуробод, Сотсиализм ба Озодӣ, Янгиусул ба Роҳи нав, Ингчуқур ба Ҳаёти нав, Янгиобод ба Навобод, Мингчуқур ба номи Лоиқ Шералӣ, Ойхотун ба Моҳинав, Ачисел ба Куҳдоман гузошта шуданд. Тадбири мазкур бо мақсади гиромидошти хотираи шахсиятҳои шинохтаи диёр, эҳёи номҳои таърихии маҳал ва тоза нигоҳ доштани забони модарӣ андешида шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






