Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурд назаррас аст
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар моҳи аввали соли равон бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла, 2 млрд. 248,7 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 3 млрд. 244,6 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил намуданд. Таркиби бақияи қарзҳо аз 64 фоиз (ё 3 518,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36 фоиз (ё 1 974,9 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ мувофиқан 401,8 млн. сомонӣ (ё 12,9 фоиз) ва 253,5 млн. сомонӣ (ё 14,7 фоиз) афзуданд. Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳи январи соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 25,97 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,99 фоизи солонаро ташкил намуд. Афзоиши ҳаҷми қарзҳои хурди пешниҳодшуда дар ин давра назаррас буда, нисбат ба моҳи январи соли гузашта 56,1 фоиз зиёд гардид. Аз ин ҳисоб 62,9 млн. сомонии он ҳамчун қарзи хурд ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 53,4 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






