Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ
Душанбе, 28 март.(АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – ҶММ «Равзанапластик» ба истеҳсоли профилҳои пластмассӣ шуруъ намудааст, ки иқтидори корхона коркарди 3 ҳазор тонна пластмасса дар як сол аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои расида дар он 7 намуд профил бо тамғаи «Манзил» ва дар ҶДММ «Тоҷпласт» истеҳсоли қубурҳои пластмассии дорои диаметри аз 20 то 500 мм ва дар ҶДММ «Суғд пласт» истеҳсоли профилҳои пластмассӣ ба истифода дода шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар айни замон дар кишвар 14 корхонаи истеҳсоли маснуоти пластмассӣ мавҷуд буда, дар онҳо намудҳои гуногуни маснуоти пластмассӣ истеҳсол мешаванд. Соли 2012 корхонаҳои соҳа ба маблағи 50,5 млн. сомонӣ маснуот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 19,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






