Амали хайр дар Наврӯз
Турсунзода, 28 март.(АМИТ «Ховар»,Ҳотам Рабиев).-Дар деҳаи Батоши шаҳри Турсунзода бо ибтикор ва маблағгузории соҳибкори саховатпеша Ҷамшед Холов ва бародаронаш тӯйи суннатии 15 нафар писарбача аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид.Писарбачагон дар сари мизи идона бо суруди ҳофизони хушхон ин лаҳзаи фаромӯшношуданиро бо хурсандӣ гузарониданд.Ҳамчунин ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ва либос тақдим гардиданд. Боиси хурсандист, ки чунин анъанаи нек дар рӯзҳои иди бостонии тоҷикон- Наврӯзи хуҷастапай дар ҳар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ доир гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






