Ба Кодексҳои меҳнат ва оила илова ворид мегардад

Март 11, 2013 15:51

Душанбе, 11 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 11 март таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, панҷ масъалаи муҳими марбут ба рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа муҳокима гардиданд. Аъзои Шӯро лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуданд. Марҳабо Ҷабборова- раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова ва дигар аъзои Шӯро доир ба масъалаҳои мазкур ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонунҳо барои баланд бардоштани шавқу рағбати кӯдакону наврасон ба варзиш, нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ ва беҳтар сохтани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварамон мусоидат хоҳад кард.Нисбат ба масъалаи панҷуми рӯзномаи ҷаласа — «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва такмили он гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Март 11, 2013 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш