Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Ноиб-Президенти Венесуэла
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиб-Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Николас Мадуро барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Бо андӯҳи бузург хабари даргузашти Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Уго Чавесро дарёфт намудам.Команданте Чавес аз маъруфтарин чеҳраҳои ҳаёти байналмилалии солҳои ахир буд. Ӯ барои кишвари хеш, ҳимояю тақвияти истиқлоли Венесуэла, беҳтар намудани зиндагии мардум ва равобити байналмилалии кишвар хидматҳои бузург анҷом дод. Аз ин рӯ ёди ӯ дар дили миллионҳо нафароне, ки ӯро ҳамчун муборизи роҳи озодиву истиқлоли Ватанаш дониста ва шинохта буданд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.Ҳоҳишмандам самимитарин тасаллият ва ҳамдардиҳои моро ба ҳамаи мардуми Венесуэла бирасонед».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






