Барӯйхатгирӣ дар сохаи кишоварзӣ
Истаравшан, 26 март. (АМИТ «Ховар», С. Маҳкамов).-Ба рӯйхатгирии кишоварзӣ як қисми муҳими рушди ин соҳа ба ҳисоб рафта, саҳми барномаҳои мухталиф дар ҳамҷоягӣ бо шарикони рушд дар ҷумҳурӣ тавассути маълумоти барӯйхатгирӣ муайян мешавад.Дар ин замина мутобиқи моддаи 14 Қонуни ҶТ «Дар бораи омори давлатӣ» ва бо қарори Ҳукумати ҶТ дар соли равон барӯйхатгирии кишоварзӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз ин амали нек ҷамъ овардани маълумоти дақиқ оид ба соҳаи кишоварзӣ буда, иттилооти ҷамъовардашуда барои пешбурди сиёсати макроиқтисодӣ истифода мешавад. Маълумоти муфассал ва дақиқи оморӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ метавонад ба пурзӯр намудани рақобатнокӣ дар бозор мусоидат намояд ва ҳамчунин ҷиҳати қабули қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҶТ оид ба арзёбии болоравии нархи озуқаворӣ дар кишварамон хизмат намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






