Баррасии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Покистон
Душанбе, 1 март (АМИТ «Ховар»).- 27 феврали соли 2013 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Покистон ва доираҳои тадқиқотии он брифинг оид ба мавзӯи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкориҳо дар соҳаи об (августи соли 2013 дар ш. Душанбе) баргузор гардид. Дар брифинг Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об (августи соли 2013 дар ш. Душанбе) муфассал хабар дод. Диққати ҳозирин ба он равона гардид, ки маҳз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ 20 декабри соли 2010 қатънома қабул намуд, ки тибқи он соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон гардид. Ш. Ҷононов изҳори боварӣ намуд, ки дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкориҳо дар соҳаи об намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмии Покистон, аз ҷумла, воситаҳои ахбори умуми ин кишвар фаъолона ширкат хоҳанд варзид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






