Баррасии татбиқи НОКА дар Душанбе
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27-уми марти соли ҷорӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Конфронси минтақавӣ оид ба татбиқи Нармафзорҳои Озод ва Кушодаасос (НОКА) баргузор мегардад. Ин конфронс бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ва зери сарпарастии Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Дар кори Конфронси минтақавӣ иштироки коршиносони НОКА аз минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 26 март дар чор синфхонаи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе корбарон ва коршиносони ватанӣ ва минтақавии соҳаи ТИК таҷрибаи худро оид ба татбиқи НОКА дар соҳаҳои гуногун намоиш медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






