Бохти дастаи занонаи футбол
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар»). – Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон 5 март дар мусобиқоти минтақавии Осиё (минтақаи Осиёи Ҷанубию Марказӣ), ки дар пойтахти Шри – Ланка шаҳри Коломбо идома дорад, дар вохӯрии аввал бозиро бо ҳисоби 0 бар 3 ба дастаи мунтахаби Ҳиндустон бохт. Дар вохӯриҳои дигар дастаи мунтахаби Эрон бо ҳисоби 5 бар 0 бар дастаи Бангладеш ва дастаи Шри – Ланка бо ҳисоби 5 бар 1 бар дастаи Бутон ғолиб омаданд. Футболбозони тоҷик имрӯз, 6 март, бо дастаи Бангладеш вомехӯранд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ






