«Бонуи Баҳор 2013» муайян гардид
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили «Рӯзи Модар» ҷамъомади идона баргузор гардид. Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бонувонро ба муносибати фарорасии фасли баҳор, мавсими фараҳу сурур, «Рӯзи Модар» муборакбод намуда, зикр кард, ки бонувони соҳибмаърифату боматонати тоҷик бо меҳнати фидокоронаву созанда дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ватани барои ҳамаи мо маҳбуб саҳми босазо мегузоранд. Аз ҷумла, саъю талошварзиҳои бонувони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода, бахусус рушди соҳаҳои энергетика ва саноат назаррас арзёбӣ гардид.Барои меҳнати шоиста ва саҳми арзанда дар соҳаҳои энергетика ва саноат бонувон бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.Дар қисмати дуюми ҷамъомад бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар» озмуни «Бонуи баҳор-2013» баргузор гардид. Занону духтарон дар озмун маҳорати худро дар бахшҳои гуногун нишон доданд. Дар озмун ҷоизаҳо дар бахшҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Бонуи зеботарин», «Мутахассиси беҳтарин», «Модари беҳтарин», «Бонуи соҳибмаърифат» ва «Бонуи баҳор- 2013» муайян гардида, ба ғолибони ҳар бахш туҳфаҳо супорида шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






