Боздиди намояндагони ХАФСХ аз АНММ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар шаҳри Душщанбе мулоқоти директори Агентии назорати мухаддири назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо намояндагони Хадамоти аврупоии фаъолияти сиёсати хориҷӣ Викенис Бенетис ва Маури Пасанен баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддири кишвар хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Рустам Назаров ҳайати хориҷиро бо вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард.Рустам Назаров ҳамчунин ба меҳмонон аз ташкили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақл кард. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаи минтақавӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкорӣ баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баровардани қӯшунҳои НАТО мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






