Бозпас гирифтани 18 ҳазор маводи дорувории пастсифат аз муомилот

Март 5, 2013 11:20

Кӯлоб, 5 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар минтақаи Кӯлоб дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ ва назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ фаъолият карда, назорати истифодаи мақсадноки маводи доруворӣ, инчунин ба дорухонаҳо ворид шудани дорувориҳои гуногунро зери назорати қатъӣ гирифтааст.  Дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб 208 дорухона фаъолият дошта, аҳолии шаҳру ноҳияҳоро бо доруворӣ таъмин менамояд. Ба гуфтаи манбаъ аз тарафи мутахассисони намояндагӣ мувофиқи нақшаи корӣ дар давоми соли ҷорӣ 118 дорухона, 9 беморхона, 58 нуқтаи фурӯши маводи ороишӣ санҷида шуда, дар натиҷа 273 адад маводи дорувории муҳлати истифодааш гузашта, 153 адад маводи дорувории бе сертификат, дар маҷмуъ 18 ҳазору 74 адад дорувор, ки маблағи умумиашон 4 миллиону 968 ҳазору 126 сомониро дар бар мегирад, дар асоси санад аз муомилот бозпас гирифта шуд.

Март 5, 2013 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад