Бунёди корхонаҳои оҳакбарорӣ дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар ҷумҳурӣ 11 корхонаи хурди оҳакбарорӣ мавҷуд буда, тавре ки маълум аст, корашон мавсимӣ мебошад. Бо муътадил шудани обу ҳаво ва пайдо гаштани шароиту имконият моҳи феврали соли ҷорӣ 8-тои он азнав ба фаъолият оғоз намуда, ба миқдори 78 тонна ё худ 37 ҳазор сомонӣ оҳак истеҳсол карданд, ки нисбат ба моҳи феврали соли гузашта зиёд мебошад. Сол то сол теъдоди чунин корхонаҳо меафзояд. Моҳи феврал дар ноҳияи Хуросон боз як корхонаи нави оҳакбарорӣ- ҶДММ «Мирзомиддин» бо иқтидори солонаи 300 тонна оҳак ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин коргоҳ 10 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ноҳияи Ғончӣ аз ҷониби ҶДММ «Спитамен» сохтмони як корхонаи оҳакбарорӣ бо технологияи муосир дар арафаи анҷомёбӣ буда, бо иқтидори 20 ҳазор тонна ва таъсиси 50 ҷои корӣ рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз менамояд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






