Бюрои «Интерпол» дар ҶТ: «Мурофиаи навбатии судии У. Қувватов 7 апрел доир мегардад»
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, ки маълумотҳо дар васоити ахбори омма доир ба қазияи шарванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аз номи ашхоси алоҳидае, ки оид ба мурофиаи судии ӯ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дарҷ гардида истодаанд, асоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ надоранд.Бюрои марказии миллии «Интерпол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳоро вобаста ба «расман рад намудани Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб барои истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон» «бедаракшавии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов аз маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ дар шаҳри Дубай» ва «Доир гардидани мурофиаи навбатии судии ӯро дар рӯзи 10 апрели соли равон» инкор менамояд.Ба дархости Бюрои марказии миллии «Интерпол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дахлдори шаҳри Дубай расман ҷавоб доданд, ки Умаралӣ Қувватов дар айни замон дар маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ қарор дошта, мурофиаи навбатии судии ӯ рӯзи 7 апрели соли равон доир мегардад ва вакили мудофеи ӯ ҳуқуқшинос аз Аморати Муттаҳидаи Араб мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






