Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Таркиши нерӯгоҳ дар Венесуэла Душанбе, 04 март .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо менависанд, дар яке аз нерўгоҳҳои барқии Венесуэла таркиш ба амал омад. Дар вақти таркиши нерӯгоҳ якчанд нафар аз кормандон ҳалок шуда ва чанд тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гардиданд. Мутахассисони соҳаи энергетика сабаби сар задани таркишро муайян менамоянд. Мувофиқи иттилои мутахассисон 50 дар сади аҳолии Венесуэларо маҳз ин нерўгоҳ бо барқ таъмин менамуд. Бояд гуфт, ки бар асари ин ҳодиса аҳолии чанде аз минтақаҳои мамлакат аз истифодаи нерўи барқ маҳрум монданд. Дасткашии Президенти Италия аз мулоқот Душанбе, 04 март .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки дар шабакаи интернетии «Кайҳоннюс» навишта шудааст, ҳафтаи равон Президенти Италия Ҷорҷи Наполитано дар Олмон аз мулоқот бо роҳбари ҳизби сотсиал-демократҳо Пйер Штайнбрук, ки мақсад дошт дар интихоботи парлумонӣ ширкат намояд, даст кашид. Неполитано сабаби худдорӣ карданашро аз ин мулоқот ба суханронии нодурусти ин сиёсатмадори олмонӣ нисбат ба интихоботе, ки дар Италия доир гардид, рабт медиҳад. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






