Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Март 6, 2013 16:35

Авҷи бекорӣ дар Фаронса Душанбе, 06 март .(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Вазорати меҳнати Фаронса дар мамлакат аз моҳи январи соли 2012 то 4-марти соли 2013 шумораи бекорон ба 43 ҳазору 900 нафар расид. Бояд зикр кард, ки аз соли 2010 то инҷониб шумораи бекорон ба 3 милиону 169 ҳазор кас расидааст. Ба ақидаи коршиносон шумораи бекорон дар Фаронса дар тӯли 3 сол 10,5 дарсад афзоиш ёфт. Маълумоти омории Британияи Кабир Душанбе, 06 март .(АМИТ «Ховар»).-Хадамоти омории Британияи Кабир дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони дохили кишвар хабар дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2013-ум 3 дарсад коҳиш ёфт. Ба ақидаи коршиносон феълан иқтисодиёти Британияи Кабир дар ҳолати хуб қарор дорад. Ҳукуматдорон ба мардуми кишвар ваъда медиҳанд, ки то ҷамъбасти соли 2013 камбудиҳои дар пеш истодаро ба итмом расонанд. Амалиёти ҳифзи ҳуқуқ дар Афғонистон Душанбе, 06 март .(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии «Ҳамшаҳриком» дар қисми ҷануби вилояти Қандаҳори Афғонистон як гуруҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни безараргардонии як гуруҳ ҷинояткорони хавфнок қарор гирифтанд. Дар вақти ҳодиса 3 намояндаи полис ба ҳалокат расида, чанд каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Аз тарафи ҷинояткорони хавфнок низ 5 нафар безарар гардонида шуда, 1 нафар дастгир шудааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Март 6, 2013 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад