Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Вохӯрии Барак Обама бо намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳон Душанбе, 14 март .(АМИТ «Ховар»).- Президенти ИМА Барак Обама вобаста ба ҳалли мушкилоти иқтисодӣ бо намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳон вохӯрӣ доир намуд. Ба ақидаи Президенти кишвар дар сурати наандешидани тадбирҳои зарурӣ мамлакат ба буҳрони молӣ дучор хоҳад омад. Мувофиқи пешниҳоди президент Барак Обама бояд ҳаҷми андоз нисбат ба ширкатҳое, ки ба коркарди нафту газ машғуланд, баланд бардошта шуда, хароҷоти буҷаи ҳарбӣ коҳиш дода шавад. Ҳамзамон Президент пешниҳод дорад, ки хароҷот ба соҳаи маориф,тандурустӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ кам карда шавад. Мувофиқи нақша барои ҳалли мушкилоти ба амаломада бояд Амрико хароҷоти давлатиро дар ҳаҷми 85 миллиард доллар коҳиш диҳад, ки ин баробари 2,5 дарсади даромади солонаи буҷаи ин мамлакат мебошад. Мағлуб шудани Беппе Грило Душанбе, 14 март .(АМИТ «Ховар»).-Ҳаҷвнигор Беппе Грилло пас аз мағлуб шудан дар интихоботи парлумонии Италия дар блоги интернетии худ изҳор доштааст, ки ҳукумати таъсисдодаи чапгароёнро бо роҳбарии Пйер Луиҷи Берсанӣ дастгирӣ нахоҳад кард. Дар интихоботи порлумонӣ Беппе Грилло танҳо 4 дарсади овози райъдиҳандагонро соҳиб шуд. Чапгароён бо роҳбарии ҳизби демократҳо Пйер Луиҷи Берсанӣ бо андак афзалияти овозҳо нисбат ба ҳизбҳои дигар дар интихобот ғолиб омаданд. Ба ақидаи роҳбарони кишвар агар ҳизбҳо дар бораи таъсиси ҳукумати нав ба хулосаи аниқ наоянд, пас президенти Италияро лозим меояд, ки ҳукумати навро ташкил намояд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






