Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҷустуҷӯи ғоратгарон дар Доғистон Душанбе, 15 март .(АМИТ «Ховар»).-Тавре ки шабакаи интернетии «Вести ру» хабар медиҳад, ҳафтаи равон дар минтақаи Дарбанди Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия шахсони номаълум аз осорхонаи миллии кишвар силоҳҳои дорои таърихи қадимаро рабуданд. Тибқи маълумоти расида, яроқу аслиҳаи рабудашуда арзиши гарон дошта, аз бисёр минтақаҳои Ҷумҳурии Доғистон гирд оварда шудаанд. Кормандони мақомоти полис ғоратгаронро мавриди ҷустуҷў қарор додаанд.Норозигии комиссияи Аврупо Душанбе, 15 март .(АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар нишасти матбуотии Ирландия раиси комиссияи Аврупо ба муттаҳид гардидани ширкатҳои ҳавопаймоии Райн Айр ва Айр –Лингуси Ирландия монеъ шуд. Комиссия сабаби инро дар пешгирии монополия дар бозори мусофирокашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ маънидод менамояд. Ҳол он ки ширкати «Райн-Эйр» чанд сол боз мақсади харидани ширкати «Айр- Лингус»-ро дорад. Дар айни ҳол 30 дарсади саҳмияҳои ширкати «Айр- Лингус»- ба ширкати «Райн-Эйр» мансуб аст. Идомаи ҷустуҷўй ҷирми осмонӣ Душанбе, 15 март .(АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи итилои расонаҳои хабарии Федератсияи Русия дар вилояти Челябински Федератсияи Русия корҳои тадқиқотию ҷустуҷўии ҷирми осмонӣ то ҳол идома доранд. Тибқи маълумоти расида, мутахассисон чанд сарчашмаи ҷойи афтидани ҷирми осмониро пайдо намудаанд. Ба гуфти котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилаи кишвар сокинони маҳаллаҳои наздики Чебаркўл ва минтақаҳои дигари Федератсияии Русия баъзе пораҳои ҷирми осмониро дарёфт намўда, ба фурўш гузоштаанд. Гуфта мешавад, ки сокини вилояти Волгоград низ пораи ҷирми осмониро,ки аз 13 грамм вазн иборат буд, дарёфт намуда, ба фурӯш гузошт. Вале кормандони полис ин амали ўро пешгирӣ намуданд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






