Дар Суғд зиёда аз 12 кг маводи мухаддир мусодира шуд
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»).- Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Мирзоев Мирзоқодир Мирзоҳобилович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Мастчоҳ, мудири хазинаи филиали «Тоҷпромбонк»-и ноҳияи Мастчоҳ дастгир шуд. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 12 килою 702 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






