Дар Тоҷикистон қонуни нави маориф қабул мегардад
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар оянда палатаи поёнии Парлумони мамлакат-Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро баррасӣ ва қабул менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкурро 4 март вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкурро раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон Марҳабо Ҷабборова ва Нуриддин Саидов -вазири маорифи ҷумҳурӣ тавзеҳ дода зикр карданд, ки таҳия ва қабули қонуни нави маориф тақозои замон ва талаботи ҷомеаи муосир аст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таҳкими ислоҳот ва рушди соҳа, хусусан таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сифати дониши толибилмон, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шуда, он асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд. Барои такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ гуруҳи корӣ таъсис дода шуд ва лоиҳа мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифта, беш аз 1050 таклифу пешниҳод ироа гардид, ки бештари онҳо дар такмили лоиҳаи қонун истифода шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






