Дар Восеъ ба табиб эҳтиёҷ зиёд аст

Март 16, 2013 10:11

Восеъ, 16 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Восеъ мувофиқи нақша моҳе як маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озодро мегузаронад, ки даҳҳо нафар сокинон ба воситаи он соҳиби ҷои кор мегарданд. Дар ярмаркае, ки чанде пеш доир шуд, муассисаҳои тандурустии ноҳия наздики дусад ҷои кориро барои ҷойҳои холии ҳамшираи шафқат то духтурони маълумоти олидор пешниҳод карданд. Бино бар иттилои масъулини Раёсати агентии давлатии иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Восеъ дар ярмарка 11 нафар барои кор роҳхат гирифта 38 нафари дигар ба касбомӯзӣ фиристода шуданд. Умуман то охири моҳи феврали соли 2013 бо масъалаи шуғл ба агентӣ 318 нафар сокинон муроҷиат кардаанд, ки 116 нафар и онҳоро занон ташкил мекунанд. Ярмаркаи навбатӣ бо иштироки корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ доир мегардад.

Март 16, 2013 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад