Дарёфт ва мусодираи миқдори махсусан калони маводи нашъадор
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯрообод ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Исматов Содиқ, соли таваллудаш 1955, сокини деҳаи Ёли ноҳияи мазкур дастгир шуд, ки зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 адад борхалта, ки дар дохилашон 54 килою 240 грамм маводи нашъадори бангдона буд, дарёфт ва мусодира шуд.Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Ёров Аюбҷон Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1979, сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор дастгир шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 4 килою 960 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 4 килою 90 грамм маводи нашъадори афюн (ҷамъ 9 килою 50 грамм) дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






