Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 4 кило афюн

Март 4, 2013 15:43

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Салим Зайлобиддинови 49 сола, сокини ноҳияи Хуросон дастгир шуд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи гумонбаршуда маводи нашъадори навъи афюн, вазнаш 4 килою 124 грамм дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад, хабар дод манбаъ.

Март 4, 2013 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш