Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 60 кило маводи нашъадор
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар»).- Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯрообод зиёда аз 60 кг маводи нашъадор мусодира шуд.Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Толибҷон Сафаралиеви 21 -сола, сокини деҳаи Хирманҷои ноҳияи мазкур, донишҷӯи бахши 1-уми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 5 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 60 килою 760 грамм маводи нашъадори бангдона буд, дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






