Дарёфти зиёда аз 18 кило ҳашиш дар Конибодом

Март 30, 2013 11:01

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар» ).- Зиёда аз 18 кг ҳашиш зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Конибодом дарёфт шуд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Шарифҷон Турсунов, соли таваллудаш 1966, пеш бо моддаи 200, қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, ҳамчун гумонбар боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили сумкаи варзишии номбурда маводи нашъаовари «ҳашиш», вазнаш 18 килою 325 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дирӯз аз ҷониби кормандони милитсия дар вилояти Хатлон бо 1 кг героин Ахмадҷон Ҳакимбекови 29 сола боздтошт гардид. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Март 30, 2013 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд