Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар корхонаҳои соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия дар як соли сипаришуда то Наврӯзи имсола навсозию тармиму барқарорсозии корхонаҳо ва сохтмони як қатор корхонаҳои нав анҷом дода шуд ва ин корхонаҳо ба маблағи 238,1 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нисбат ба соли 2011 44,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,1 %-ро ташкил медиҳад. Аз Наврӯзи соли 2012 то Наврӯзи соли 2013 дар маҷмуъ аз ҳисоби ба истифода додани корхона ва коргоҳҳои нав дар соҳа қариб 340 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ба маблағи 11,3 млн. доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои технологӣ ворид шудаанд. Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия барои солҳои 2007-2015” дар соли 2012 қисмати дуюми хати автоматикии истеҳсоли ноқилҳои гуногунтамғаи баландшиддати ҶДММ «Ноқили Талко» пурра ба истифода дода шуд, ки дар он барои 150 нафар ҷои кори доимӣ ташкил шудааст. Корхона бо технологияи муосири истеҳсоли Олмон, Финландия ва Италия таҷҳизонида шуда, иқтидори лоиҳавии корхона 10 ҳазор тонна коркарди алюминии аввалияро дар як сол ташкил медиҳад. Маҳсулоти корхона қобилияти содиротӣ дошта, номгӯи он беш аз 17 намуд мебошад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






