«Дурахши кинои тоҷик» — и Тилло Некқадамов
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Муҳаммадориф Шарифзода). – Чанде пеш китоби нави рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии «Хома – 2012» Тилло Некқадамов аз чоп баромад, ки мақолаҳои таърихию таҳлилиро дар бораи поягузорон ва ходимони намоёни кинои тоҷик дар бар мегирад. Бештари маводи китоб ба таърих ва ҳаёту фаъолияти поягузорони кинои тоҷик, таҳиягарон, ҳунарпешагони шинохтаи кино, ходимони барҷаста ва онҳое, ки бо кинои тоҷик ҳамкорӣ доштанд, бахшида шудааст.Мутолиаи китоби нави Тилло Некқадамов барои таърихшиносон, аҳли санъат, донишҷӯёну мактабиён ва алоқамандони санъати кино муфид хоҳад буд.Китоби «Дурахши кинои тоҷик» бо дастгирии сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматуллоҳ дар нашриёти «Ирфон» рӯи чоп омадааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






