Экологҳо дар «Azia Grand Hotel» нишаст меороянд
Душанбе, 28 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо 29 март дар «Azia Grand Hotel»-и Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муввақатии экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон баргузор мегардад. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар — Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, инчунин созмонҳои ҷамъиятие, ки доираи фаъолияташон ба масоили экологӣ нигаронида шудаанд, ширкат менамоянд. Маҳмадшариф Ҳақдодов-раиси Комиссияи муввақатии экологии Маҷлиси намояндагон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ, тадбирҳои пешгирии муҳити зист аз ифлосшавӣ, такмили қонунгузории кишвар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба экология матраҳ мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






