Эмомалӣ Раҳмон: «Қуръон ҳуқуқи зану мардро баробар медонад»
Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии табрикотии худ бахшида ба Рӯзи модар аз ҷойгоҳу мартабаи зан дар дини мубини ислом ёдовар шуда, иброз дошт, ки «Шинохти ҷойгоҳ ва ҳуқуқи зан дар таълимоти дини ислом мақоми хос дорад ва наҷобату шарофат, инчунин баробарии фитрии занону мардон дар каломи осмонии Худованди мутаол — Қуръони маҷид борҳо таъкид шудааст». Эмомалӣ Раҳмон зан – модарро аввалин мураббии башарият хонда, таъкид дошт, ки зан на танҳо мураббӣ ва муаллимест, ки сухан мегӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Аз ин рӯ, ба қавли Сарвари давлат шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад. Президенти кишвар бо ёдоварӣ аз осори гузаштаи адабу фарҳанги тоҷик иброз дошт, ки : «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






