Фаъолияти 150 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар Канада

Март 12, 2013 14:28

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев бо директори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебеки Канада Шоҳисматулло Ҳабибӣ баргузор гардид.  Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ С. Девонаев зикр намуд, ки: «Имрӯзҳо Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷират ва сафарбаркунии муҳоҷирон дар масири дуруст тадбирҳои судманд меандешад. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки таҷрибаи кишварҳои Туркия, Филипин, Малайзияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ омӯхта ва раванди муҳоҷирати меҳнатиро дар Тоҷикистон ба танзим дарорем». Ба гуфти Шоҳисматулло Ҳабибӣ дар Канада аллакай зиёда аз 150 нафар шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Мо бо онҳо ҳамеша дар тамос буда, аз аҳволи онҳо бохабарем ва кӯмакҳои худро баҳрашон дареғ намедорем. Надоштани касб ва надонистани забон мушкилии асосии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Хуб мешуд, ки муҳоҷирони тоҷик низ қабл аз сафар забонҳои англисӣ, фаронсавиро азхуд намуда ва дорои касби муайян бошанд, то ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷа ба душвориҳо дучор нагарданд, зикр намуд Шоҳисматулло Ҳабибӣ.

Март 12, 2013 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст