Гуфтугӯи телефонии Э. Раҳмон бо Г. Бердимуҳаммедов
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар нимаи дуюми рӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифт.Сарварони ду кишвари бо ҳам дӯст дар мавриди вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва масоили муҳими ҳаёти минтақа мубодилаи афкор намуданд.Дар суҳбат ба масоили баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки имсол дар шаҳри Ашқобод доир мешавад, диққати хосса зоҳир гардид. Сарварони давлатҳо муътақид буданд, ки вохӯриҳои дар доираи ҷашн доиршаванда ва гуфтушунидҳо имкон медиҳанд, то роҳҳои ҳалли масоили зиёде барои манфиати мардумони Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин дар маҷмуъ барои минтақа баррасӣ ва муайян шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






