Густариши ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистон
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷӣ ва муовинони вазирони корҳои хориҷии як қатор кишварҳои узви созмони Муколамаи ҳамкории Осиёро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 11-уми он дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқотҳо масоили густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва минтақавии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзо баррасӣ гардиданд. Залмай Расул – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Мо як қатор мавзӯҳои муҳиму гуногунсоҳа ва ба нафъи ду кишвари дӯстро бо Президенти Тоҷикистон баррасӣ намудем ва мо изҳори боварӣ намудем, ки татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар самти рушди кишварҳоямон нақши муҳим хоҳанд дошт». Вазири давлатии корҳои хориҷии Баҳрайн Ғоним Фазлулбуайнайн мулоқоти худ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро созанда унвон карда, иброз дошт, ки дар оянда Баҳрайн метавонад дар самти коркарди захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон ҳамкориҳои босамари худро ба роҳ монад. Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Бангладеш хонум Наваз Дипу Монӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Наҷӣ Кору ва муовини вазири корҳои хориҷии Индонезия Юри Октавиан Тамрин ҳавасмандии худро диор ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯ бо Тоҷикистон баён доштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






