Иштироки Р.Назаров дар иҷлосияи Комиссияи СММ
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 11 март дар шаҳри Вена иҷлосияи 56 – уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир ба кораш шурӯъ намуд, ки дар он вазирон ва роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддир ширкат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосия директори Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ Рустам Назаров ба ӯҳда дорад.Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи мухаддири кишвар хабар доданд, дар кори иҷлосия президенти Боливия Эво Моралес ва муовини Дабири Кулли СММ, раиси Раёсати назорати маводи мухаддири СММ Юрий Федотов иштирок намуданд. Дар иҷлосия ҳангоми муҳокимаи ҷараёни татбиқи «Барномаи минтақавии пуштибонии саъю кӯшишҳо ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя барои солҳои 2011 – 2014» ҳамчунин ибтикороти агентиҳои назорати маводи мухаддири Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон суханронии раиси Агентии назорати мухаддири назди Президенти ҶТ Рустам Назаров дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






